4-7 феврали 2024 дар Кувайт “14-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна” зери унвони “Онҷое ки сармоягузорон бо ихтироъкорон бо ҳам дидор мекунанд” доир гардида истодааст. Дар ин намоишгоҳи сатҳи баланд дар қатори 33 кишари хориҷӣ даҳ нафар олимону профессорону ва ихтироъкорони ҷавон аз донишгоҳҳо ва макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, корҳои ихтироъкардаи худро баҳри ҳозирин ба маърази тамошо гузоштанд. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт хабар доданд.
5 феврали 2024 маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳи мазкур бо иштироки вазири таҳсилоти олӣ ва пажӯҳиши илмии Давлати Кувайт доктор Одил ал-Удвонӣ, намояндагони марказҳои илмӣ-тадқиқотии Кувайт ва аъзои корпуси дипломатии муқими кишвари иқомат бо ҳузури васеи намояндагони ВАО-и кувайтӣ баргузор шуд.
Зимни шиносоӣ аз фаъолияти иштирокчиён вазири таҳсилоти олӣ ва пажӯҳиши илмии Давлати Кувайт доктор Одил ал-Удвонӣ аз павилиони Тоҷикистон дидан намуда, ба навовариҳои илмии ихтироъкорони тоҷик баҳои баланд дод.
Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти намоишгоҳ то 7 феврал идома ёфта, дар интиҳо иштирокчиёнро ҷоизаҳо интизор аст.