Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки занони низомӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз кумитаи мазкур хабар доданд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода изҳор намуд, ки «ҳамоиш бо мақсади тақвият бахшидан ба мақому манзалати занону духтарон, таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии ҷомеа, дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон, қадрдонӣ намудани занони низомӣ барои хизмати содиқона ба халқу Ватан ва ба ин восита зиёд намудани теъдоди занон дар мақомоти низомӣ доир шуд».
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, раиси кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ва раиси коллегияи оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Ҳаким сухан гуфтанд.
Иброз гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ саҳми беназири Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар устувор намудани пояҳои Артиши миллӣ ва таъмини он бо шароити мувофиқ барои иҷрои уҳдадории конститутсионӣ ва шаҳрвандӣ назаррас мебошад.
Гуфта шуд, ки соли 1993 барои низомиёни ҷумҳурӣ соли таърихӣ маҳсуб мешавад, зеро бо ташаббусу ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шуданд. Аз ин рӯ, ҳиссаи Артиши миллӣ дар ҳифзи марзу бум, таъмини амнияти мардум, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне истиқлолияти давлати тоҷикон ниҳоят бузург аст.
Дар фарҷоми ҳамоиш як зумра афсарзанон барои хизмати содиқона ба Ватан бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.