Аз 2 то 4 май дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ «CAREC»-рушди устувори сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ» ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он ширкати сайёҳии «Саёҳати Диёр», пойгоҳи кӯҳнавардии «Артуч» ва дигар субектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ иштирок намуданд. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Дар ҳамоиши сатҳи баланд зиёда аз 10 давлати аъзои «CAREC» иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо дастгирии барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ «CAREC» баргузор шуда, ҳадафи он омӯхтани таҷрибаи кишварҳое буд, ки дар самти сайёҳӣ пеш рафтаанд.
Аз оғози таъсиси барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ «CAREC» аз соли 2001 то соли 2023 барои сармоягузории соҳаҳои мухталифи давлатҳои Осиёи Марказӣ 51,02 миллиард доллари ИМА равона гардидааст.
Бояд гуфт, ки занҷираи тиҷоратии машҳури Шоҳроҳи Абрешим дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷаҳонгардони алоқаманди саёҳатҳои саргузаштӣ қарор гирифтааст. Шаҳрҳои қадим, бозорҳои пурғавғо ва манзараҳои дилфиреби Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи шумораи зиёди сайёҳонеро, ки ҷӯёи ҳодисаю воқеаҳо дар ин масири таърихии машҳур мебошанд, торафт бештар ҷалб менамоянд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо низоми содагардонидаи раводид барои аксар шаҳрвандони мамолики дунё, инчунин бо пешсафӣ дар ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ дар сархати ахбори минтақаи даҳгона қарор гирифтааст.
Дар айни замон ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи зарурӣ буда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ мешаванд. Ин омил имконият медиҳад, ки сайёҳони хориҷӣ зимни саёҳат ба давлатҳои Осиёи Марказӣ якбора бо се мамлакати дорои пайроҳаи Шоҳроҳи Абрешим — Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон шинос шаванд.
Дар доираи ҳамоиш оид ба рушди сайёҳӣ байни давлатҳои аъзои барномаи «Шоҳроҳи Абрешим» табодули афкор анҷом дода шуд. Ҳайати Тоҷикистон ба иштирокчиён оид ба рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи давлату ҳукумати мамлакат ва алалхусус таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа тариқи рӯнамо маълумот пешниҳод намуд.