25 июни соли 2024 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо ҳокими вилояти Аҳали Туркманистон Хоҷагулиев Ровшен вохӯрӣ кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо дар бораи истифодаи имкониятҳои рушди муносибатҳои байнивилоятӣ табодули афкор намуда, масоили вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифро мавриди баррасӣ қарор доданд.