РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе намоишгоҳи «TajBUILD-2025» оғоз ёфт

Имрӯз дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2025» оғоз ёфт, ки то 3 октябр идома меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар намоишгоҳ беш аз 100 ширкати ватанию хориҷӣ, аз ҷумла Эрон, Русия, Чин, Туркия, Узбекистон ва Тоҷикистон иштирок доранд. Намоишгоҳ дар «Dushanbe EXPO Centre» баргузор гардида, дар он масолеҳи сохтмонӣ, техника, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисию иртиботӣ ва меъморӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Ташкилкунандаи намоишгоҳ Палатаи савдо ва саноати мамлакат мебошад. Зимни ифтитоҳ иброз гардид, ки намоишгоҳ чун майдони бузурги имконият барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули таҷриба бо намояндагони соҳаи сохтмон метавонад сабаби шарикӣ ва ҳамкори нав пайдо намудани ширкатҳои дохилию хориҷӣ гардад.

Ҳадафи асосии «TajBuild 2025» тақвияти ҳамкории тиҷоратии маҳаллӣ ва байналмилалӣ, муаррифии маҳсулоти нав, технологияи замонавӣ ва ҷалби сармоягузориҳо ба бозори сохтмонии Тоҷикистон мебошад.

Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳо имконият пайдо мекунанд, ки маҳсулоти худро муаррифӣ намуда, бо шарикони тиҷоратӣ ҳамкорӣ барқарор намоянд. Зеро «TajBuild» чун платформаи самараноки робита байни истеҳсолкунандагон, мутахассисон ва сармоягузорон хизмат менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram