РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар ЭКСПО-и сайёҳии Ҷопон муаррифӣ мешавад

Имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар ЭКСПО-и сайёҳии Ҷопон 2022 муаррифӣ мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 22 сентябр намоишгоҳи ЭКСПО-и сайёҳии Ҷопон 2022 оғоз гардид, ки то 25 сентябр давом хоҳад кард.

Дар намоишгоҳ ҳайати расмии Тоҷикистонро муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҳошимзода намояндагӣ намуда, инчунин роҳбарону намояндагони якчанд ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доранд.

22 сентябр маросими ифтитоҳи бахши гӯшаи Осиёи Марказӣ доир гардид, ки дар он Сафири Тоҷикистон дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов ширкат кард. Роҳбарони ҳайатҳои расмии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бо сухани ифтитоҳӣ ба кори бахши Осиёи Марказӣ оғоз бахшиданд. Дар ин бахш панҷ кишвари Осиёи Марказӣ гӯшаҳои худро бо маводи таблиғотӣ ва анҷому хӯроквориҳои миллӣ ороиш дода, ба намоиш гузоштанд. Гӯшаи Тоҷикистон низ бо истифода аз маводи таблиғотии сайёҳӣ, меваҷоти хушк ва сарулибоси миллии тоҷикӣ оро ёфта буд.

Бо ибтикор ва дастгирии молиявии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) бахши муштараки кишварҳои Осиёи Миёна дар доираи ЭКСПО-и сайёҳии Ҷопон 2022 омода гардид.

Дар доираи ЭКСПО-и сайёҳӣ мулоқоти роҳбари ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати замин, зерсохтор, нақлиёт ва туризми Ҷопон, Ассотсиатсияи туризми Ҷопон (JTTA), Созмони миллии сайёҳии Ҷопон (JNTO), Ассотсиатсияи агентии сайёҳии Ҷопон (JATA) ва бо муовини Директори Осиёи Марказӣ ва Кавкази Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.


ЭКСПО-и сайёҳии Ҷопон 2022 аз ҷониби ширкат ва ассотсиятсияҳои бузурги ҷопонӣ Japan Travel and Tourism Association (JTTA), Japan Association of Travel Agents (JATA) ва Japan National Tourism Organization (JNTO) ташкил шудааст. Tourism EXPO Japan чорабинии фарогири тиҷорати сайёҳӣ буда, кишварҳои калидӣ дар соҳаи ҷаҳонии гардишгарӣ ва сайёҳонро муттаҳид мекунад. Дар доираи ин чорабинӣ вохӯриҳои корӣ, мубодила, мубоҳисаҳо ва таблиғоти мустақим миёни ширкатҳо ва мизоҷон доир мегарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram