РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор мегардад

Ба диққати корҷӯён расонида мешавад, ки аз чониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии муҳоҷир» 10 декабр дар шаҳри Кӯлоб, 12 декабр дар маркази маъмурии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Рӯдакӣ, Ҷ. Расулов, 13 декабр дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Вахдат. Б. Ғафуров, Дӯстӣ, 14 декабр дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Мастчоҳ ва 15 декабри соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун» ва дигар ташкилоту корхонаҳои соҳаи сохтмон, саноат, нақлиёт ва энергетика ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мегардад.

Андозаи музди миёнаи меҳнат барои кормандон аз 2700 то 4500 пешбинӣ шудааст.

Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холӣ баргузор шуда, корҷӯён аз ҷониби ташкилоту идораҳо барои бо ҷойи кори муносиб таъмин карда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram