25 январи соли 2023 дар шаҳри Остона вохӯрии cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Ибодзода Хайрулло бо муовини якуми раиси ҶСК «Ширкати миллии Қазоқистон Темир Жоли» Алмаганбетов Канат Есмуханович баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба боркашонӣ ва ҳамлу нақл миёни ду кишварро баррасӣ намуданд.