30 январ бо иштироки роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Норак Чилазода Маҳмадкарим, мудирон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хониши идоравӣ дар мавзуи «Риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар коргузорӣ аз тарафи мудири шубаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Нуров Пирмаҳмад доир гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри мазкур хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни баргузории машғулият риояи дурусти қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба хизматчиёни давлатӣ дар шакли амалӣ фаҳмонида шуд.