РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “ITB-Berlin” муаррифӣ мешаванд

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “ITB-Berlin”, ки рӯзҳои 7-9 марти соли 2023 дар муҷтамеи намоишгоҳи “Messe Berlin” баргузор мегардад, имконият ва зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон низ муаррифӣ хоҳанд шуд. Дар ҳошияи ин чорабинӣ тақвияти робитаҳои корӣ байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо шарикони хориҷӣ ва баимзорасонии қарордодҳои нави ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, филми мазкур тобистони соли 2022 бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи рушди сайёҳӣ филми таблиғотӣ зери унвони “Тоҷикистон – алмоси дурахшон” дар бораи имкониятҳои сайёҳии кишвари мо ба навор гирифта шуд. Он аз ҷониби собиқ Сафири Олмон дар Тоҷикистон Маттиас Майер (солҳои 1997-2000) ва филмбардори олмонӣ, мудири эҷодии ширкати “Art-In-Motion” Ҳаралд фон Виковски таҳия гардид.

Дар ин филм Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи бою пурғановат, мардуми меҳмоннавоз, табиати нотакрору кашфношуда, кӯҳҳои сарбафалаккашида, олами набототу ҳайвонот, ёдгориҳои бостонӣ, сарзамини ҷаззоб ва беҳтарин макони сайру саёҳат барои гардишгарони хориҷӣ таҷассум ёфтааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram