Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз барқароршавии муносибатҳои дуҷонибаи Эрон ва Арабистони Саудӣ истиқбол кард. Дар ин аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тавофуқи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷиҳати барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни ин ду давлат истиқбол намуда, онро қадами муҳим дар ростои таҳкими субот дар минтақаи Ховари Миёна арзёбӣ мекунад», — омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.