14 марти соли 2023 мулоқоти cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Ҳошимии Урдун Зубайдулло Зубайдзода бо дабири кулли Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Подшоҳии Ҳошимии Урдун хонум Лино Ал-Ҳадид доир гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистону Урдун дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.