РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндагони Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Туркия қадрдонӣ шуданд

Сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов ва муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Сулаймон Исозода дар маросими тақдими медал ва ордени президентӣ «Барои хизмати шоистаи башардӯстона» ба намояндагони кишварҳое, ки дар бартарафсозии пасомадҳои заминларзаҳои 6 феврали соли ҷорӣ ва расонидани кӯмакҳои башардӯстона саҳм гузоштанд, иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки наҷотдиҳандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 22 феврали соли 2023 дар Ҷумҳурии Туркия қарор доштанд ва дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти осебдидагони зилзила иштирок намуданд.

Дар ин муддат ба онҳо муяссар гардид, ки баъди 5 рӯзи заминларза аз зери харобаҳо як мардро бо тифли шашмоҳааш зинда берун оранд. Ҳамчунин баъди 144 соати заминларза онҳо кӯдаки 3-соларо аз зери харобаҳо зинда наҷот доданд.

Дар ин муддат аз зери харобаҳои зилзила ҷасади 217 нафарро берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram