РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия муаррифӣ шуд

21 майи соли 2023 дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Камолиддин, инчунин намояндагони бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ бо муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон – вазири рушди иқтисод Муратов Рустам Хамидович, вазири соҳибкорӣ ва сайёҳӣ Афзалов Рустам Ахметкаримович, вазири робитаҳои хориҷии иқтисодӣ ва фаъолияти конгрессӣ хонум Баличева Маргарита Дмитриевна ва инчунин роҳбарону кормандони ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳии шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия вохӯрӣ баргузор намуданд.

Ҳадафи асосии вохӯрии мазкур ин муҳокимаи нақшаҳои рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон, тавсеаи ҳамкориҳои мақомоти сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ, табодули афкор ва ҷалби сайёҳони Россия ба Тоҷикистон буда, аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон рӯнамо оид ба имкониятҳои сайёҳии кишвар ба намояндагони соҳаи сайёҳии ин минтақа манзур карда шуд.

Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари амну осоиш буда, барои қабули сайёҳон тамоми имкониятҳо фароҳам аст ва дар ин замина даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамкориҳо тақвият дода шавад.

Қарор шуд, ки байни мақомоти дахлдори соҳаи сайёҳӣ санади ҳамкорӣ омода карда шуда, ба имзо расонида шавад.

Дар ҷараёни вохӯрии мазкур 4 адад ёддошти тафоҳум байни ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Бошқирдистон ва ширкатҳои сайёҳии кишвар, осоишгоҳу курортҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram