РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Осорхонаи миллиро тамошо кард

Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Алисҷабана Салслаҳ дар доираи сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамроҳии ҳайати хеш аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул дар саҳни муассиса пешвоз гирифта, аз ҷониби роҳбалад ба онҳо сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Ба ин восита, ба меҳмонон таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои машҳури кишвар ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ карда шуданд.

Армида Алисҷабана Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) аз тамошои толорҳои намоишӣ ва шиносии бештар бо таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ дарҷ намуд.

Дар охир, ҳамчун рамзи эҳтиром ва меҳмондорӣ ба меҳмон маводи илмии Осорхонаи миллӣ аз қабили китобу маҷаллаҳо тақдим карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram