20 июн дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Чорабинӣ бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Ректори ДДТТ, профессор Файзулло Машраб Қурбоналӣ ҳозиринро бо санаи тақдирсоз дар таърихи навини Тоҷикистон табрик гуфт.
Дар рафти чорабинӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ ва номзади илмҳои таърих, дотсент Раҳматова Заррина Юнусовна маърӯза намуда, оид ба марҳала ва роҳҳои амалӣ намудани ба даст овардани сулҳу ваҳдат, дар бораи нақши Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ва ҳамчунин нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худро баён намуданд.
Қайд карда шуд, имрўз ба шарофати ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ Тоҷикистон ба роҳи таҳаввулоти амиқи сиёсиву иқтисодӣ, ҷорӣ намудани институтҳои демократӣ ва иқтисоди озоди бозорӣ, татбиқи лоиҳаҳои созанда, пайваста баланд бардоштани сатҳи некўаҳволӣ қарор гирифтааст. Сипас, дар доираи чорабинӣ бо иштироки дастаҳои эҷодии ДДТТ консерти идона доир гардид. Барномаи идона аз сурудҳои ватандӯстона иборат буд