РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Риёз 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон таҷлил шуд

25 сентябри соли 2022 дар Риёз ба ифтихори 31-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ ва намояндагони доираҳои расмӣ ва кории кишвари иқомат баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ зимни сухани табрикии худ роҷеъ ба арзишҳои волои истиқлол ва соҳибихтиёрӣ, дастовардҳои кишвар дар даврони истиқлол таҳти раҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳаммияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар маълумот дод.

Таъкид гардид, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ба раванди барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва ҳифзи арзишҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram