РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иштирок намуд

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар ҳимояи гузориши чоруми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалигардонии муқаррароти Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар иҷлосияи 72-уми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати адлия хабар доданд.

Дар ҳамоиш инчунин  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода,  намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, Агентии омор, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи мазкур ширкат намуданд.

Зимни баррасии гузориши Тоҷикистон намояндагони Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баимзорасонии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон ва қабули Қонун «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»-ро бо қаноатмандӣ пазироӣ карданд.

Аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амалигардонии муқаррароти Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷавобҳои дахлдор ва омори дақиқ манзур гардида, вобаста ба пешрафту навгониҳо ва ислоҳоте, ки зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудаанд, маълумоти муфассал дода шуд.


Аз ҷумла зикр карда шуд, ки новобаста аз таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва минтақа, пайомадҳои манфии бемории сироятии COVID-19, Тоҷикистон рушди устувор ва суръати баланди афзоиши иқтисодиро тайи солҳои охир таъмин намуд. Дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуд. Аз соли 2016 то соли 2021 афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ баҳисоби миёна 7% солона ташкил дод. Даромади пули аҳолӣ 2,6 маротиба, музди меҳнати номиналӣ 1,6 маротиба зиёд гардид.

Ҳамзамон тадбирҳо вобаста ба амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, роҳандозии ташаббусҳои байналмилалии ҷумҳурӣ дар самти обу иқлим ва дигар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии кишвар ба  Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муаррифӣ гардид.

Зикр карда шуд, ки Тоҷикистон механизми пешниҳод ва ҳимояи гузоришҳои миллӣ дар бораи иҷрои санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро василаи муҳимми назорати байналмилалии таъмини ҳуқуқи инсон медонад ва бори дигар содиқ будани худро ба ин тартиб тасдиқ мекунад ва кишвари мо уҳдадориҳои байналмилалии худро бовиҷдонона иҷро карда, мунтазам дар ин самт тадбирҳои муассир ва амалӣ андешида истодааст.

Дар фарҷоми ҷаласа, Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба посухҳои ҳайати Тоҷикистон нисбати саволҳои гузошташуда, пешниҳоди маълумот, хусусан омори дақиқу муфассал,баҳои баланд дод.

Ёдовар мешавем, ки  Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз 18 коршиноси мустақил иборат аст, ки аз ҷониби давлатҳои узв иҷрои муқарарроти Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро назорат мекунанд. Паймон байналмилалии мазкур ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро, аз қабили ҳуқуқба ғизои мувофиқ, манзили муносиб, таҳсилот, тандурустӣ, амнияти иҷтимоӣ, об ва санитария, кор ва гайраро таъмин мекунад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram