РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Шаҳринав: бахшида ба Рӯзи Фалак чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд

10 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Литсей барои хонандагони болаёқати ноҳия бахшида ба Рӯзи Фалак чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ ҳайати кормандони мақомоти иҷроия, ҲХДТ, ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд. Зимни баргузории чорабинӣ муовини раиси ноҳия Неъматуллозода Шоиста табрикоти раиси ноҳияро бахшида ба Рӯзи Фалак ба самъи ҳозирин расонда, ҳамзамон доир ба атрофи таърихи пайдоиши Фалак ривоҷу равнақи он дар замони соҳибистиқлолии кишвар ва шаклҳои гуногуни ин мусиқии нодири мардумӣ суханронӣ намуд.

Неъматуллозода Шоиста ёдовар шуд, ки бо заҳмату кӯшишҳои як идда донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ, аз ҷумла Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, Акашариф Ҷӯраев, Ҳошими Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Мусаввар Минаков, Мамадато Таваллоев, Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Моҷон Назардодова, Нусайрӣ Одинаев, Ҳаким Маҳмудов, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманди Хол, Сафармуҳаммад Муродов, Дона Баҳром, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорӯбов ва дигарон дар асри сипаригашта ва замони мо мусиқии фалак ривоҷу равнақ ёфт ва машҳури олам гардид.

Дар охир санъаткорону фалаксароёни бахши фарҳанги ноҳия бо таҳияи барномаи ҷолиби фарҳангӣ хотири ҳозиринро шод гардониданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram