РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайти Тоҷикистон дар Ҷашнвораи V байналмилалии нассоҷии “Иди атлас” иштирок намуд

20 октябр дар шаҳри Марғилон Ҷашнвораи V байналмилалии нассоҷии “Иди атлас” оғоз шуд. Муассисони он Вазорати туризм ва мероси фарҳангии Узбекистон, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО, намояндагиҳои ЮНЕСКО ва ЮНФПА, Иттиҳодияи “Ҳунарманд”, ҳокимиятҳои вилояти Фарғона ва шаҳри Марғилон, Маркази рушди ҳунармандии Марғилон мебошанд.

Дар ҷашнвораи “Иди атлас” аз Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Малайзия, Ҳиндустон, Туркия, Таиланд, Бангладеш, Индонезия, ИМА, Латвия, Муғулистон, Италия ва кишварҳои дигар ҳунармандону аҳли фарҳанг, тарроҳону мутахассисон иштирок доранд.

Интизор меравад, ки дар доираи ҷашнвора намоишгоҳи байналмилалии нассоҷии суннатии “Ворисони Роҳи бузурги абрешим” баргузор гардад ва дар он навъҳои гуногуни ҳунарҳои нассоҷӣ бо ҳузури намояндагони кишварҳои мухталиф ба намоиш гузошта мешаванд.

Ҳамзамон, дар ҷашнвора дарсҳои маҳорат дар истеҳсоли нассоҷӣ ва қолинҳои анъанавӣ, баргузории намоишҳои театрӣ ва мусиқӣ, ҳунарҳои дастӣ, мӯд аз ҷониби тарроҳони Осиёи Марказӣ, қораи Осиё, уқёнуси Ором ва Аврупо, ҳамзамон галаконсерт барномарезӣ шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram