РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Осорхонаи Садриддин Айнӣ дар Бухоро таъмир мегардад

Интизор меравад, ки соли оянда бо ташаббуси ҳокими вилояти Бухоро Осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар зодгоҳаш –деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро таъмиру таҷдид гардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.

Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Директори минтақавии Департаменти сайёҳӣ ва мероси фарҳангии вилояти Бухоро Суҳроб Бобокалонов баррасӣ шуданд,

Сафир оид ба имконоти сайёҳӣ, бахусус сайёҳии табобатӣ, зиёратӣ, кӯҳнавардӣ, экотуризм, фарҳангӣ ва варзишӣ дар минтақаҳои гуногуни

Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Мусоҳибон ҷиҳати ташкили форумҳои муштараки сайёҳӣ, инфотурҳо, хатсайрҳои заминиву ҳавоӣ бо мақсади интиқоли сайёҳон, инчунин дигар масъалаҳои мубрам барои рушди туризм сухан гуфтанд.

Зимни сафари корӣ Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва оромгоҳҳои бузургону орифон, аз ҷумла «Ҳафт пир»-и тариқат, мақбараи нахустин асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ, инчунин зодгоҳи Қаҳрамони миллии Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро боздид намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram