РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«ДАВИ ДӮСТӢ» ДАР ДУШАНБЕ. Он ба 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон бахшида мешавад

20 ноябр бахшида ба 30- солагии ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Душанбе «Дави дӯстӣ» дар ду масофа-  7,5 км ва 3,1 км баргузор мешавад. Макони оғози дав аз назди Наврӯзгоҳи пойтахт то буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳ. Шерозӣ муқаррар карда шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.

Мусобиқаи мазкур ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ҳиндустон бахшида шудааст.

Он аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе баргузор мегардад.

Ғолибону ҷоизадорон бо туҳфаҳои пуливу молӣ қадрдонӣ мегарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram