РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Хуҷанд китобҳои «Сарвар, Президент, Пешво» ва «Иҷлосия: парвозгоҳи Пешвои миллат» нашр шуданд

Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду китоби арзишманди илмӣ, публитсистӣ-таърихӣ таҳти унвони «Сарвар, Президент, Пешво» ва «Иҷлосия: парвозгоҳи Пешвои миллат» ба табъ расиданд. Китобҳои мазкур аз ҷониби бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва бо дастгирии молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рўи чоп омаданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Китобҳои мазкур бо сифати баланд дар нашриётҳои “Ношир” ва “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд ба нашр расидаанд. Дар ин асарҳо аз ҷониби сиёсатмадорон, вакилони Иҷлосияи тақдирсоз, муҳаққиқон, шоиру нависандагон, журналистон ва дигар ходимони ҷамъиятию давлатӣ дар бораи хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, рушду тараққиёти кишвар, нақши иҷлосияи таърихӣ дар сарнавишти миллат, дастовардҳои даврони Истиқлолият ва ғайраҳо мақолаву ёддошт ва шеърҳо гирд оварда шудаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram