Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холии маъмурии хизмати давлатӣ, 1 муовини сардор, 1 сармутахассиси раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 сармутахассис ва 1 мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 мутахассиси пешбари бахши умумии раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 сармутахассис ва 2 мутахассиси пешбари раёсати иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибӣ, 1 сармутахассиси бахши муносибатҳои байналмилалӣ, 1 мутахассиси пешбари раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ ва 1 мутахассиси пешбари бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ОЗМУН эълон менамояд.
Талабот ба довталабон:
Таҳсилоти олӣ: рӯзноманигор, муҳосиб, техникӣ ва ҳуқуқшинос.
Собиқаи умумии меҳнатӣ на кам аз 1 то 7 сол ва хизмати давлатӣ на кам
аз 2 то 6 сол.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
— ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
— тарҷумаи ҳол;
— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);
— нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);
— нусхаи шиноснома;
— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
— маълумотнома (справка- объективка).
Музди миёнаи меҳнат аз 1577,00 (ҳазору пансаду ҳафтоду ҳафт,) сомонӣ то 2585 (ду ҳазору пансаду ҳаштоду панҷ) сомонӣ.
Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз 31 (Хонаи Радио), телефон барои
маълумот 227-65-69, 227-59-79.
Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи www.ktr.tj дастрас намоед.
Қабули ҳуҷҷатҳо то 21 рўз пас аз нашри эълон.
Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешаванд.