РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ДДФСТ Лабораторияи таҳқиқоти сотсиологии фарҳанг ва ВАО ифтитоҳ гардид

30 январи соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” маросими ифтитоҳи Лабораторияи таҳқиқоти сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, муовини вазири фарҳанг Шарифзода Манучеҳр Муртазо, роҳбарият ва устодону кормандони донишкада баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорити фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинашро ба донишкада хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки таъсиси марказҳои таҳқиқоти сотсиологӣ дар самти фарҳанг ҷиҳати омӯзиш ва таблиғи арзишҳои фарҳангӣ, таҳкими маънавиёти ҷомеа муҳим ва саривақтӣ буда, Ҳукумати кишвар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт корҳои зиёди судмандеро ба сомон расонидааст.

Мавсуф инчунин, зикр намуд, ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати донишкада таъсис додани Лабораторияи таҳқиқоти сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма ва бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонидани он иқдоми наҷиб мебошад.

Изҳори умед карда шуд, ки лаборатория дар Донишкада бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа ғояҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ҳадафмандона ба роҳ мемонад. Лаборатория дар шакли воҳиди сохтори муассиса бо мақсади ба даст овардани сатҳи пешрафтаи илмӣ, корҳои сотсиологӣ — таҳқиқотӣ, ҳамчунин истифодаи самараноки иқтидори моддӣ — техникӣ ва кадрии соҳаҳои фарҳанг, таъбу нашр ва ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма фаъолият мекунад.

Зулфия Давлатзода зимни суханронии худ зикр кард, ки яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ташаккули тафаккури бунёдкорӣ, тарбияи ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва ҳамдигарфаҳмии сокинони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ноил шудан ба ҳадафҳои мазкурро Сарвари давлат тавассути фарҳанги миллӣ, аз ҷумла бо роҳи эҳёи мероси таърихию фарҳангӣ арзёбӣ намудаанд.

Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд, ки ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо-ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад. Дар ин росто, мо-фарҳангиёну фарҳангшиносон, аҳли зиёи кишвар вазифадорем, ки дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллӣ ва мероси фарҳангии хешро аз таъсири номатлуби фарҳанги бегона ҳифз намоем, то маънавиёти бузургамон дар ин ҷараён осеб набинад.

Дар самти арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳо Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки Шашмақом, Фалак, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ба таъкиди вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул намудани барномаҳои давлатӣ дар самти фарҳанг ҷиҳати пешрафти соҳа ва дар доираи чунин барномаҳо баргузор намудани озмуну чорабиниҳои гуногун барои баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, таҳкими худшиносии миллии насли ҷавон самараи баландро ба бор овардааст.

Боиси хушнудист, ки имрӯз дар асоси Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Лабораторияи таҳқиқоти сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир мавриди истифода қарор дода шуд. Дарвоқеъ, таъсиси чунин як лабораторияи илмӣ-таҳқиқотӣ, ки низоми иҷтимоӣ-фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлолро мавриди пажӯҳиш қарор дода, натиҷаҳои таҳқиқоташро ҷиҳати дар амал татбиқ намудан ба манфиати соҳа равона созад, хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Бешубҳа, лабораторияи мазкур метавонад, пеш аз ҳама, дар татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бавижа тарғиби арзишҳои фарҳангии даврони истиқлол, ҳамчунин дар омӯзишу тарғиби мероси фарҳангии миллати қуҳанбунёд ва соҳибтамаддуни тоҷик ва дар ин рӯҳия тарбия намудани мутахассисони ояндаи соҳаи фарҳанг нақши бориз дошта бошад.

Умедворам, ки устодони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода барои боз ҳам ба таври шоиста дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фарҳанг, санъат, эҳёи сунатҳои гузаштагони мардуми тоҷик дар пешбурди фаъолияти лаборатория ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои болозикр бо эҳсоси баланди касбию ватандӯстӣ хизмат мекунанд, иброз дошт, Зулфи Давлатзода дар идомаи сухани хеш.

Мудири Лабораторияи таҳқиқоти сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма Абдусатор Раҳмонов дар бораи вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти лаборатория маълумот дода, зикр намуд, ки мақсади асосии фаъолияти лаборатория пешбурди фаъолияти таълимӣ, таҳлилӣ, мустаҳкамнамоии таҳкурсии илмӣ ва таҳқиқоти назарӣ-амалӣ мебошад.

Дар меҳвари фаъолияи лаборатория коркард, ҷамъоварӣ ва таҳияи маводи илмӣ оид ба соҳаҳои фарҳанг ва васоити ахбори омма дар сатҳи муосири илмию техникӣ; омӯзиш, таҳлил ва пешниҳоди хулоса оид ба падидаҳои фарҳанг, васоити ахбори омма ва масоили ҷаҳонишавӣ дар асоси методҳои илман асоснокшуда; коркард ва таҳияи лоиҳаву барномаҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ҷамъиятӣ ё иштирок дар онҳо ҳамчун узви мустақил; ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот дигар муассисаҳои соҳаи фарҳангу санъат ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар фарҳанг; таъмини ҳамкорӣ ва алоқаи илмӣ бо муҳаққиқон оид ба мавзуъҳои илмӣ ва таъмини сифати баланди ҳифзи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти фарҳангу санъат; ташкил ва гузаронидан ва иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ-сиёсӣ; таҳияи китобҳои дарсӣ, модулҳои таълимӣ ва дигар маводи чопӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати мутахассисон ояндаи соҳаи фарҳангу санъат; гузаронидани семинар, конференсия, мизи мудаввар ва симпозиумҳо вобаста ба мавзуи самти фаъолияти худ; ҷалби муассисаҳои фарҳангӣ ҷиҳати ҳифз ва ташаккули арзишҳои фарҳангии даврони истиқлол, муайян намудани таваҷҷуҳ ва нигоҳи ҷомеа нисбат ба фаъолияти эҷодӣ ва фарҳангии муассисаҳои фарҳангии кишвар ва дурнамои рушди онҳо; таъмини гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ — сотсиологии фарҳанг, воситаҳои ахбори омма ва озмоиши конструктории субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ; ҷалби донишҷӯён, магистрҳо, аспирантон, докторантҳо, олимони ҷавон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ; гузаронидани таҳқиқоти якҷояи илмӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ ва ғайраҳо қарор хоҳад гирифт.

Дар анҷоми маросим ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ бори дигар минатдории худро ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳм гузоштан дар амалӣ намудани ин иқдоми наҷиб баён намуда, тазаккур дод, ки Лабораторияи таҳқиқоти сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дар донишкада рисолати хешро тибқи талабот ва меъёри қонунҳои дахлдори соҳа ба ҷо оварда, дар амалӣ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бедареғ мегузорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram