РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: Бахшида ба “Соли 2023-соли ҳифзи меҳнат” ҳамоиш баргузор шуд

27 – 28 феврали соли равон дар шаҳри Хуҷанд Конференсияи вилоятӣ таҳти унвони «Бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат–асоси рушди устувори иқтисодиёт» бо иштироки зиёда аз 50 нафар сардорони Хадамоти ҳифзи меҳнат, мутахассисони ҳифзи меҳнати соҳаҳои муассисахои давлатӣ, тандурустӣ, савдо, фарҳанг ва хоҷагии манзилию комуналии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Дар ин бора аз Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд хабар доданд.

Конференсияро раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи «Фаъолияти иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар самти таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат» баромад намуданд.

Дар конференсия мутахассисони раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дар мавзўи “Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои асосии корфармо ва корманд оид ба меҳнат” ва масъалаҳои меъёрҳои бехатарӣ, риояи стандартҳои меҳнат тибқи муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Санҷиши ходисаҳои нохуш дар истеҳсолот, расмикунонии ҳуҷҷатҳои он», инчунин тартиби дастурдиҳӣ ба кормандон, усулҳои бехатарии меҳнат, дастурдиҳии муқаддимавӣ, ибтидоӣ дар ҷойи кор, пешгирии ҳодисаи нохуш ва бемориҳои касбӣ дар истеҳсолот баромад намуданд.

Ҳамзамон, мутахассисони Муассисаи назорати давлатии санитарӣ — эпидемиологӣ дар мавзӯъҳои “Гигиенаи радиатсионӣ дар корхонаҳои саноатӣ, сохтмон, масолеҳи сохтмонӣ”, гузаронидани аттестатсияҳои ҷойҳои корӣ дар корхонахо” баромад намуданд.

Муовини аввали раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Нумон Обидзода дар бораи тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон, аъзои оилаи онҳо ва мудири шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи Шӯро Бузуруков Иномхоҷа оид ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ тавассути шартномаҳои коллективӣ ва шартномаҳои меҳнатӣ ибрози назар намуданд.

Дар рафти конференсия байни иштирокчиён оид ба масъалаҳои зикргардида, муҳокимарониҳо ҷараён гирифта, онҳо ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Баромадкунандагон зимни маърӯза аз воситаҳои техникӣ ва муосири таълим истифода бурданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокдорони конференсия маводҳои методӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дастрас карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram