РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

4 омӯзгори пойтахт дар озмуни байналмилалии “Беҳтарин мақолаи илмӣ-2023” ғолиб шуданд

5 марти соли 2023 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон байни кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил озмуни байналмилалии “Беҳтарин мақолаи илмӣ-2023” баргузор гардид. Дар ин бора аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ин озмун директори Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Сироҷзода Ҷамолиддин Қиём, омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ Ҷумаев Низомиддин Воҳидҷонович, забон ва адабиёти рус Манафова Арзу ва химия Наботова Гулноз иштирок намуда, ғолибон бо сертификат ва медали сарисинагӣ қадрдонӣ карда шуд.

Дар маҷмуъ, дар озмуни мазкур аз 8000 нафар иштирокчиён 200 нафар беҳтариниҳо бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram