РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр. Сабақҳои «Овози тоҷик»

“Сабақҳои “Овози тоҷик” китобест, ки аз ҷониби пажӯҳишгарони тоҷик Аъзамҷон Азимов ва Мурод Муродӣ мураттаб шудааст. Ба он доктори илми таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ва доктори илми филология Қутбиддин Мухторӣ тақриз навиштааст.

Ҳамчуноне аз пешгуфтор бармеояд, «Овози тоҷик» аз аввалин рӯзномаҳои расмӣ барои точикон буда, дар ташаккул ва такомули матбуоти даврии точик накши бориз гузоштааст.

Ин рӯзнома 25-уми августи соли 1924 ба сифати нашрияи афкори Кумитаи фиркаи вилояти Самарқанд бо номи «Овози тоҷики камбағал» ба нашр расид. Ин ном  то шумораи нуҳум (30 октябри соли 1924) идома ёфта, аз шумораи 10 (7 ноябри соли 1924) ба «Овози тоҷик» табдил дода шуд.

Дар китоб заминаҳои пайдоишу ташаккули рӯзномаи «Овози точик» нақши он дар инъикоси масъалаҳои миллӣ, таърих, фарҳанг, ташаккули афкори рӯзноманигорӣ, тарғиби фарҳангу адабиёт ва амсоли ин мавриди баррасиҳои илмӣ қарор гирифтааст.

Муаллифон ба ин назаранд, ки китоб барои донишҷӯёну унвонҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, кормандони  эҷодии ВАО, омӯзгорон ва пажӯҳишгарони соҳаи журналистика судманд буда метавонад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram