РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар нишасти 19-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви СҲШ суханронӣ намуд

3 апрели соли равон таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон нишасти 19- уми маҷозии вазирони фарҳанги Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлкат хабар доданд.

Нишастро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон Гангапурам Кишан Редди ифтитоҳ намуда, ҳамчунин вазирони фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Халқии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Покистон суханронӣ намуданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат иштирокчиёни ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзоро хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки бо шарофати таваҷҷуҳ ва дастгириҳои хоси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанги кишвар рушд ёфта, аз ҷониби ҳукумат мунтазам тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.

Ҷаласаи навбатӣ барои кишварҳои аъзо ва ҳам барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як рӯйдоди муҳим маҳсуб ёфта, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангии байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай заминаи мусоидро фароҳам меорад.

Дар охири ҷаласа бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи соҳаи фарҳангу санъат аз ҷониби вазирони фарҳанги давлатҳои аъзо Протоколи 19- уми Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба имзо расонида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram