РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Нахустнамоиши “Ношинос -32” баргузор шуд

18 аперл дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аз рӯйи асари Владимир Зайкин намоиши нав бо номи “Ношинос -32” ба тамошо гузошта шуд. Дар ин бора ҳамкорамон Лутфия Қурбонова аз макони баргузории намоиш хабар дод.

Спектакли мазкурро коргардон ,ҳамзамон Саркоргардони театри номбурда Қамариддин Мирзоев бо завқу диди хоси ҳунарӣ саҳнавӣ гардониданд. Сужаи асосии Намоиш мавзуъҳои даргирӣ рӯзгори кунунии ҷомеаи башарӣ ва тамоми инсониятро дар бар дошта ҳушдор медод,ки агар ҳамин гуна идома ёбад ҷомеа саросар мубталои дарди беишқӣ,бемеҳрӣ мегардад, ҳамон ишқе, ки дунё дар меҳвари он мечархаду ба зиндаги маъною мазмун мебахшад. Тараққиёту пешравии босуръати илму техника ба ҳаёти иҷтимоӣ аз як паҳлӯ ба мо кӯмак мерасонад аз паҳлӯи дигар мо инсонҳоро аз ҷавҳари ҳастии хеш дур кардаистодааст. Дигар адлу инсоф, муҳаббату самимият, ҳурмату иззати ҳамдигарӣ ,бахуссус калонсолонро баъзеи мо ончунон фаромӯш кардаем,ки ба ҷузъ моддиёт чизе бароямон арзиш надорад Коргардони ба саҳнагузоранда бо забони сахна моро водор мекунад,ки зиндагии ҳар кас дар дасти худи ӯст хоҳад онро ҷаҳаннам месозад ё биҳишт мегардонад. Намоишномаи саҳнавӣ дар оинаи худнамои хеш моро ҳушдор медиҳад ва ба андеша водор месозад ки наққоди бегузашти вақту зиндагии хеш бошем. Қаноатпешагиро дар ниҳоди хеш мудом парвариш диҳем ва барои чизе, ҳеҷ гоҳ ночиз нашавему шӯълаи ишқро дар қалби хеш мунаввар гардонем.

Пейсаи драматургия рус дар саҳнаи театри касбии тоҷик қабои бадеъияти тозаро ба бар намуда бо ороиши ҷолиб,бо мусиқиҳои гӯшнавоз ва иҷрои олиҷаноб дар доираи меъёрҳои санъати театрӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Бинандагон донишҷӯёни бахши филологии ДМТ буданд. Намошнома ба қавле дил дошт,коргар буд аҳли нишаст муаддабона намоишро тамошо карданд, аз истиқболу қабули гармашон ҳис гардид,ки намоиш ба завқи тамошобинон созгор омадааст. Ҳунармандон дар иҷрои нақшҳои бар зимма доштаи худ ҳулул шуда буданд,он қадар табии образҳои худро бозиданд,ки дар ҳадди саҳнаи зиндагии воқеӣ. Дар нақши профессор Пӯлодов, Ҳунарманди шоистаи ТоҷикистонАбдумумин Шарифӣ,дар нақши Ануша Заррина Бадалова,дар нақши Сорбон — Фариддун Раҷабов ва дар образи Ношинос Марҳабо Файзиева беҳамто буданд. Бо арзи эҳтирому ихлоси бепоён Аҳли кормандони эҷодию техникӣ ,рассоми ороишгари саҳна, мусиқӣ,ороишӣ сару либос , директори театр, коргардони намоишро барои тавлиди боз як намоиши хубу диданӣ сидқан муборакбод намуда,ба ҳунармандони фидоии ҳама театрҳо саодатмандию саломатӣ хоҳонем. Сипосу сано ба коргардони намоиши Ношинос-32, барои хони густурдаи маънавияшон ки моро ба ҳайси як тан алоқаманди санъати театрӣ серобу шодоб гардонид ва ба ҷаҳони андеша бурд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram