РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони “Кӣ қобил? Ман!” озмун баргузор гардид

Рӯзи 2 июни соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” таҳти унвони “Кӣ қобил? Ман!” озмун баргузор гардид. Дар ин бора аз Осорхонаи мазкур хабар доданд.

Озмун аз ҷониби Шурои занони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” роҳандозӣ гардида, дар он духтарону бонувони ҷавон иштирок намуданд.

Иштирокчиён аз рӯи 6 шарти муайяншуда: намоиши либос, қироати шеър, ороиши мӯи сар, шарти ихтиёрӣ, бозии саволу ҷавоб ва омода намудани хӯриш ҳунарҳои худро нишон дода, аз ҷониби аъзои ҳакамон баҳогузорӣ гардиданд.

Дар натиҷа ҷойи 1-ум насиби Нарзуллоева Мавзуна – сармутахассиси шуъбаи таърихи нав ва навтарин, ҷойи 2-юм Занҷирбекова Ҳадиса – мутахассиси шуъбаи илмӣ-методӣ ва се нафар: Набиева Қурбонбӣ – шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, Мавлудаи Маҳмаднабӣ – мутахассиси пешбари шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, Забирова Раҷабгул – мутахассиси пешбари шуъбаи экскурсионӣ ва оммавӣ сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.

Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар суханронии хеш зикр намуд, ки баргузор намудани чунин озмун занону бонувони муассисаро ҳавасманд намуда, мебояд дар оянда доираи ин озмун васеъ гардонида шавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram