6 декабр аз толорҳои намоишии Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” коршиносони минтақавӣ ва ваколатдорони соҳаи идоракунии хатари офатҳои табиӣ дидан намуданд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.
Бояд зикр кард, ки санаи 7-8 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории гурӯҳи коршиносони минтақавӣ таҳти унвони “Ташаккули устуворӣ ба офатҳои табиӣ: Истифодаи маъзанҳо, технологияҳо ва сиёсат барои таъмини ояндаи амн” баргузор мешавад.
Дар чорабинӣ мутахассисон аз 9 кишвари Осиё, аз қабили Бангладеш, Ҳиндустон, Эрон, Камбоҷа, Макао, Микронезия, Муғулистон, Туркия, намояндагони намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои донорӣ ва ниҳодҳои СММ ширкат хоҳанд кард.
Дар раванди боздиди меҳмонон аз “Осорхонаи миллӣ” ба онҳо аз ҷониби мутахассисони муассиса сайри осорхонавӣ гузаронида шуда, мехмонон бо таърих ва фарҳанги бисёрҳазорсолаи миллати тоҷик ошно гардиданд.
Қобили ёддошт мебошад, ки ҳадафи асосии ҷаласа, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба рушди идоракунии иттилоот оид ба офатҳои табиӣ (APDIM) ташкил карда шудааст, мусоидат ба табодули дониш, ҳалли инноватсионӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар идоракунии офатҳои табиӣ бо таваҷҷӯҳ ба ҳамгироии маълумот, технология ва сёсат барои беҳтар кардани омодагӣ ва қобилиятҳои вокуниш дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад.