РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки техникӣ оид ба ҳамкориҳои сайёҳӣ байни Тоҷикистону Туркия доир гардид

6 феврали соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия Ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки техникӣ оид ба ҳамкориҳои сайёҳӣ байни Тоҷикистону Туркия таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода ва муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Надир Алпаслан баргузор гардид. Дар ин бора аз умитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ҷаласа ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор дода, рушди самтҳои гуногун сайёҳӣ ва афзоиши шумораи сайёҳони тоҷикию туркиро муҳим арзёбӣ намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласаи мазкур санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Протокол ва Нақшаи амали он ба имзо расонида шуд.

Ҳамзамон дар ҳошияи сафари мазкур ҳайати Тоҷикистон ба Агентии муаррифӣ ва рушди сайёҳӣ(TGA), Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар сохторҳои давлатию тиҷоратии соҳаи сайёҳии Туркия ташриф намуда, бо роҳбарият мулоқот анҷом дод.

Зимни ҷаласаҳои болозикр рӯнамоҳои дахлдор оид ба сохтор ва фаъолияти ташкилотҳои болозикр пешниҳод гардида, имкониятҳои тақвияти ҳамкориҳо, аз ҷумла дар самти мубодилаи таҷриба байни ширкатҳои сайёҳии ду кишвар сурат гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram