РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе вазъи хизматрасонӣ ба модару кӯдак баррасӣ шуд

28-уми марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонӣ ба модару кӯдак дар кишвар ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини вазир Зулфия Абдусаматзода, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони як қатор таваллудхонаҳо ва марказҳои саломатӣ иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа вазъи кунунии хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар муассисаҳои тандурустӣ таҳлил ва баррасӣ гардида, таъкид карда шуд, ки айни замон масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Махсусан, дар ҷаласаи мазкур ба масъалаҳои пешгирии фавти модарону кӯдакон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, аз масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин самт фаъолияти хешро аз пештара бештар пурзӯр намоянд.

Дар анҷоми ҷаласа баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки 28-уми декабри соли 2023 зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ хар сол ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ба таъкиди Сарвари давлат, дар ин давра шумораи фавт дар кишвар ба ҳисоби 1000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар дар соли 1991 то 3 нафар дар соли 2023 паст гардидааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram