РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳакимзода Қурбон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Конибодом шинос шуд

27 марти соли равон Вазири кишоварзии мамлакат муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло бо мақсади дар маҳал дида баромадан ва тақвияти корҳои саҳроӣ бо масъулин ва кишоварзон аз шаҳри Конибодом дидан намуданд. Дар ин бора аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳангоми боздид ва мулоқот ба масъулин ва кишоварзон аз ҷониби Вазири кишоварзии мамлакат муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи маводҳои истеъмолӣ, истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат, риояи агротехникии зироатҳо, пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалию ҳашаротҳои зараррасон, коркарди химиёвии зироатҳои кишоварзӣ майдони зироатҳо ва боғу токзорҳо маслиҳату тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Инчунин бо иштироки Вазири кишоварзии мамлакат муҳтарам Ҳакимзода Қурбон деҳқонону хоҷагидорон кишти пахтаро оғоз намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram