РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияи Данғара таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» аксия баргузор гардид

Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, такмили эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастии бонувону духтарон, тарғиби либосҳои миллии мардумӣ, пешгирӣ аз тамоюлҳои бегонапарастӣ дар ноҳияи Данғара, аксия таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.

Боиси ифтихормандист, ки либоси миллӣ яке аз рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст ва дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардаасту минбаъд низ гум нахоҳад кард.

Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб меёбад.

Либоспӯшии тоҷикон, ки таърихи қадимӣ дошта, ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, бозгӯ аз завқи зебоипарастии мардуми покнажоди тоҷик аст. Ба бар намудани либоси тавсиявӣ-миллӣ барои ҳар шаҳрванд ба хотири имрӯзу фардои миллат муҳим ва масъулият аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram