РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТОЗАНАШР. Воситаҳои ахбори омма пас аз иҷлосияи таърихӣ

Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҷмуаи тозаеро бо номи “Воситаҳои ахбори омма пас аз иҷлосияи таърихӣ” ба нашр расонд.

Бояд ёдовар шуд, ки маҷмуа зери назари доктори илмҳои фалсафа Саид Нуриддин Саид таҳия шуда, мураттибони он Исматзода Саъдӣ, Назираи Сарфароз ва Ҳукмиддин Сафаров мебошанд.
Дар ин маҷмуа мақолаҳои директорони шабакаҳои телевизионӣ ва устодону унвонҷуёни донишгоҳҳои олии кишвар ҷамъоварӣ шудаанд.

Ҳамчунин дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои нави ТВ Сафина гирдоварӣ шуда, пешкаши хонанда гардонида шудаанд.

Аз ҷумла барои “Боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати барномаҳои телевизионӣ, ба кор ҷалб намудани рӯзноманигорони варзида ва симои зебодошта, омода кардани рӯзноманигорони соҳавӣ (тахассусӣ), ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар байни кормандон, диққати аввалиндараҷа додан ба мазмуну муҳтавои барномаҳо, риояи қоидаҳои имлои забони давлатӣ дар мавриди интишори хабарҳо ва суханронии наттоқон, таҳияи барномаҳои ҷолибу диданӣ ва ба ин васила баланд бардоштани маърифату салиқаи тамошобинон ” таъкид намуданд.
Ҷойи қайд аст, ки воситаҳои ахбори омма чун инъикосгари рушду инкишофи ҷомеа ҳамеша дар паҳлуи Сарвари давлат дар созандагиҳо иштирок намуда, содиқ монд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram