29 марти соли 2024 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Ироқ Ҷабир г Ал-Темими баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар доданд.
Зимни мулоқот масоили таҳким ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳандозии робитаҳои наздик ва самарабахши ҳамкорӣ зоҳир гардид.