РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ шуд

29 марти соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо ҳайати Парлумони Гурҷистон таҳти роҳбарии раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Николоз Самхарадзе мулоқот кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои ду кишварро бо тамаркуз ба заминаи парлумонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҳошияи боздид аз Вазорати корҳои хориҷӣ лексияи вакилони гурҷӣ барои кормандони ҷавони низоми хизмати дипломатии Тоҷикистон баргузор гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram