РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Институти физикаю техникаи АМИТ озмоишгоҳи наву замонавӣ ба истифода дода шуд

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илмҳои дақиқ имрӯз бо иштироки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва кормандони Раёсати АМИТ дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон лабараторияи наву замонавӣ бо таҷҳизоти сатҳи ҷаҳонӣ мавриди ифтитоҳ қарор дода шуд. Дар ин бора аз АМИТ хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи лабаратория Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз доштанд, ки ҳамаи мову шуморо мебояд, дар амалӣ намудани ҳадафҳои Президенти кишварамон дар самти илм кӯшиш ба харҷ дода барои дар амал татбиқ намудан ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ айни мудаост. Дар ин замина дастгрии олимони ҷавон ва шароити арзандаи корӣ фароҳам овардан барои онҳо яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram