26-уми апрели соли 2024 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Ҷойгоҳи Сосониён дар таърих ва тамаддуни умумиҷаҳонӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз ДДОТ хабар доданд.
Конференсияи мазкур, ки бо ташаббуси факултети таърих ва ҳуқуқ доир гардид, дар он Равшан Раҳмонӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Расулиён Қаҳҳор Расул, Абдуллоҳи Раҳнамо, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, директори Маркази тарғиботи адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сиёсатшинос, Шарифов Раҳмоналӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Каримзода Мусо Бобишо, декани факултети таърих ва ҳуқуқ, профессор итирок намуданд.
Конфронсро Дониёр Сангинзода, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ оғоз бахшида, дар идомаи суханронии хеш зикр намуд, ки ҳамоиши имрӯза бо мақсади шинохти бештаре аз таърихи миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ буда, гиромидошти мероси бузурги шоҳаншоҳии Сосониён низ идомаи чунин иқдомҳо мебошад ва ҷойгоҳи Сосониён дар таърих ва тамаддуни умумиҷаҳонӣ махсус дорад.
Инчунин, дар идомаи конфронс Равшан Раҳмонӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Расулиён Қаҳҳор Расул, Абдуллоҳи Раҳнамо, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, директори Маркази тарғиботи адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сиёсатшинос, Шарифов Раҳмоналӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Каримзода Мусо Бобишо, декани факултети таърих ва ҳуқуқ, профессор изҳори назар намуда, аз омӯзиши амиқи ҳамаҷонибаи паҳлӯҳои гуногуни муддати ҳукмронии Сосониён барои насли замони мо аз ҳар ҷиҳат ҳиброз намуданд. Интиҳои конференсия аз бахши саволу ҷавобҳои мубраму судманд иборат буд, ки барои иштирокдорони насли наврас писанду хотирмон гардид.