РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Маркази омӯзиши масъалаҳои модернизатсияи Чин – Тоҷикистон» таъсис дода мешавад

Дар Тоҷикистон «Маркази омӯзиши масъалаҳои модернизатсияи Чин-Тоҷикистон» таъсис дода мешавад. Дар ин хусус зимни мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо муовини сардори Раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нашр ва паҳн намудани адабиёт бо забонҳои хориҷӣ Юй Юнчуан иттилоъ дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода гуфт, ки ташрифи ҳайати Чин ба Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории илмию таҳлилӣ ва ҳамкории густурда дар самти табодули чопи китобҳо ва нашри мақолаҳои илмию таҳлилии коршиносони ҳарду ҷониб бо забонҳои хориҷӣ дар мавзуъҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ дар маҷаллаҳои эътирофгардидаи доираҳои илмии ҳар ду давлат мусоидат менамояд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ ба меҳмонон оид ба самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳлилии марказ маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, афзуд, ки «сафари ҳайати Чин ба Тоҷикистон дар омӯзиши таҷрибаи пешқадам, муосир ва ҷаҳон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ботаҷрибаи чинӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ бо дастгирии Гурӯҳи байналмилалии иртибототи Чин вобаста ба нашр ва паҳн намудани дастовардҳои илмӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад, ки мо ҳавасманди ҳамкории судманд дар ин масир ҳастем».

Муовини сардори Раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нашр ва паҳн намудани адабиёт бо забонҳои хориҷӣ Юй Юнчуан дар бораи фаъолияти Гурӯҳи байналмилалии иртибототи Чин маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Номбурда ҳавасмандии ҷониби Чинро дар ҳамкории дуҷониба ва ҳамаҷониба бо марказҳои зеҳнии ҳар ду давлат таъкид намуда, афзуд, ки дар самти нашр ва паҳн намудани адабиёт бо забонҳои хориҷӣ мутахассисони мо таҷрибаи кофии муосир ва сатҳи ҷаҳониро доранд ва чандин барномаю лоиҳаҳо дар ин самт тарҳрезӣ шудаанд, ки аз фаъолияти устувору пешрафтаи мо далолат медиҳад.

«Мо омода ҳастем, ки бо кормандони марказҳои зеҳнии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, табодули таҷрибаю бозомӯзӣ ва такмили ихтисосии онҳоро дар ин самт таъмин намоем. Инчунин дар нашри адабиётҳои илмӣ бо забонҳои хориҷӣ ва чопи мақолаҳои илмии коршиносону олимони тоҷик дар маҷаллаҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин омода ҳастем, ки кумаки бедареғи худро расонем. Ҳамзамон ҷалби кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ ба лоиҳаҳою барномаҳои дар ин самт амалкунанда низ аз ҷониби Раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нашр ва паҳн намудани адабиёт бо забонҳои хориҷӣ дастгирӣ карда мешавад»,- иброз дошт Юй Юнчуан.

Ҷонибҳо ба масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи ҳар ду давлат дар соҳаи нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, маориф ва ғайраҳо афкори андеша намуда, назари худро дар густариши робитаҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Чин нек арзёбӣ намуданд. Инчунин ба имзои Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни ниҳодҳои зеҳнии ҳарду мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Хайриддин Усмонзода аз иқдомҳои пешгирифтаи ҷониби Раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нашр ва паҳн намудани адабиёт бо забонҳои хориҷӣ истиқбол намуда, изҳори умед кард, ки ҳамкории ду ниҳод минбаъд низ рушд хоҳанд кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram