РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок менамояд

Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз мешавад, ки дар он ҳайати парлумонии мамлакат таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок менамояд. Дар ин хусус аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон бо даъвати Раиси Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко ҷиҳати иштирок дар ин ҷаласа, ки рӯзҳои 10-14 июли соли равон баргузор мегардад, дар Федератсияи Русия қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин дар Анҷумани X парлумонии БРИКС, ки 11-12 июл дар шаҳри Санкт-Петербург, дар шакли нави васеъ бо иштироки роҳбарони парлумонҳои кишварҳои аъзои БРИКС, инчунин намояндагони созмонҳои парлумонии байналмилалӣ ва минтақавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, иштирок менамояд.

Муҳокимаҳо дар анҷумани мазкур ба таҳкими принсипҳои бисёрҷониба дар сиёсати ҷаҳонӣ ва пешбурди манфиатҳои муштараки кишварҳои БРИКС дар майдонҳои байналмилалӣ, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва дар соҳаи гуманитарӣ бахшида мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram