РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Роҳбарони хадамоти бойгонии мамлакатҳои аъзои ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд

Дар доираи ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, роҳбарону намояндагони кишварҳои Русия, Узбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо таъриху тамаддуни кӯҳанбунёди халқи тоҷик ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии бинои муассиса директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо истиқбол намуда, ташрифи онҳоро ба ин боргоҳи илму фарҳанг хайрамақдам намуданд.

Сипас, ба меҳмонон аз ҷониби роҳбалади муассиса бо забони русӣ дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд. Меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Дар охир меҳмонон аз истиқболи самимӣ ва муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги халқи тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташонро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ навишта карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram