РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистон барои қабули раисии Шурои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ изҳори омодагӣ намуд

28 май дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Шурои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рушди соҳаи сайёҳӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2021–2030», ҳамчунин ҳамкорӣ ва дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сайёҳиро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муаррифӣ намуда, барои рушди он саъю талош менамояд.

Дар доираи ҷаласа ҷониби Тоҷикистон барои ба уҳда гирифтани раисии Шурои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ аз 1 июли соли 2025 изҳори омодагӣ намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram