РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон ба Тоҷикистон ташриф овард

Муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Ходжамират Гелдимирадов барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2025 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram