7 августи соли 2025 дар Вазорати корҳои хориҷӣ брифинг бахшида ба Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ (16-18 сентябр 2025, шаҳри Душанбе) баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш ба масъулини корпуси дипломатии муқими кишвар оид ба рафти омодагӣ ба Форуми қарибулвуқӯъ, масоили марбут ба корҳои тадорукотӣ, барнома ва ҷузъиёти логистикии чорабинӣ маълумоти батафсил манзур гардид.
