РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар вилояти Суғд Рӯзи варзишгарон таҷлил гардид

8 август дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорабинӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ варзишгарон, мураббиёну собиқадорони соҳаро бо иди касбиашон табрик намуд.

Таъкид гардид, дар замони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ замина гузошта шуд. Дар натиҷаи ин ғамхориҳо варзишгарони тоҷик дар чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, Парчами давлатиро парафшон менамоянд.

Гуфта шуд, ки варзишгарони вилояти Суғд дар шаш моҳи соли равон ба гирифтани 451 медали тилло, 442 медали нуқра ва 629 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд, ки ин натиҷаи таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш аст.

Дар чорабинӣ ба варзишгарон, устодони варзиш ва собиқадорони соҳа сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Варзишгарон барои ин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.

Дар охир барномаи рангини фарҳангӣ ба чорабинӣ шукуҳи хосса бахшид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram