Дар даҳ соли охир ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд шуда, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт.
Ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» баён намуданд.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки барои таъмин намудани рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардидааст.
Дар ин давра Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.
«Аҳолии ҷумҳурӣ аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардида, нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид», — иброз намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
